ҷон — [جان] 1. олами рӯҳии дохилии инсон, ки ҳамчун як чизи шартӣ ва мавҳум тасаввур мешавад ва онро сабаби зиндагӣ мешуморанд, рӯҳ, равон 2. умуман, як чизи мавҳуме, ки сабаби зиндагии ҳамаи ҷондорон тасаввур мешавад, василаи асосии зиндагӣ; бо ҳавли… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
умр — [عمر] а 1. муддати зиндагӣ ва дар ҳаёт будан ( и инсон, ҳайвон ва ашёи дигар); ҳаёт, зиндагӣ; даври мавҷудият: умри дароз (дидани касе ё талабидан ба касе): дар умраш, дар охири умр, то охири умр, умраш кӯтоҳ будааст 2. умрҳо, муддатҳо, замони… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
моддӣ — [مادي] 1. мансуб ба модда I 2. марбут ба чизу чораи зарури зиндагӣ, ашёӣ; аҳволи моддӣ дараҷаи таъминот бо чизу чораи зиндагӣ; пойгоҳи моддӣ таъминот бо чизҳои асосии мавриди зарурати анҷоми коре, сохтани чизе ва ғ. ; ёрии моддӣ кумак бо чизу… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
таъмин — [تأمين] а 1. омин гуфтан ба дуои касе 2. амният додан ба касе, хотирҷамъ кардани касе; таъмини маош (маишат) омода сохтани васоили зиндагӣ; таъмин будан муҳайё будани васоили кор ва зиндагӣ барои касе; таъмин кардан (намудан) эмин ва хотирҷамъ… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
неъмат — [نعمت] а 1. чизҳои зарури зиндагӣ ва рӯзгор, ризқу рӯзӣ; неъматҳои моддӣ ва маънавӣ сарватҳои моддӣ ва маънавӣ; нозу неъмат васоили айшу осудагии зиндагӣ; хони неъмат дастархони пур аз нозу неъмат; куфрони неъмат носипосӣ ба некии касе; ношукрӣ 2 … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
об — I [آب] 1. моеи шаффофи беранг, ки дар ҳолати софӣ ва беолоишӣ аз омезиши химиявии як унсури оксиген ва ду унсури ҳидроген иборат аст; оби маъдан обе, ки дар таркиби худ маъдан дорад; оби гарм муқоб. оби сард; оби равон оби ҷорӣ: муқоб. оби… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ҳаёт — I [حيات] 1. умр, зист, зиндагӣ; зинда будан, зиндагӣ кардан; ҳаёту мамот зиндагӣ ва марг 2. фаъолияти ҷамъият ва инсонҳо дар соҳаҳои гуногун: ҳаёти адабӣ, ҳаёти фарҳангӣ II [حياط] а. замини атрофаш девор кашида, ҳавлӣ, саҳни ҳавлӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
асар — [اثر] а 1. аломат, нишона; аломати боқимонда аз чизе; асар ёфтан аз касе, чизе дарак пайдо кардан, хабар ёфтан; асари ҳаёт намондан барҳам хӯрдани зиндагӣ; асари ҳаёт (зиндагӣ) нишон додан зинда будан, зинда будани худро нишон додан; асар… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
асбоб — [اسباب] а 1. ҷ. сабаб 2. васила, восита 3. лавозимот, чизу чораи даркорӣ; асбоби аёнӣ олатҳои намоишӣ барои таълим; асбоби деҳқонӣ лавозимоти деҳқонӣ; асбоби зиёфат васоили тараб, масолеҳи меҳмондорӣ; асбоби зироат олати киштукор; асбоби… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
аҳволпурсӣ — [احوال پرسي] исми феълӣ аз аҳвол пурсидан; пурсидани аҳвол ( и якдигар), аз кору бор ва вазъияти зиндагӣ пурсон шудан, ҳолпурсӣ; аҳволпурсӣ кардан ҳоли якдигарро пурсидан, аз кору бору зиндагӣ пурсон шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ